Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алханов:"Ҷилавгирӣ аз фоҷеъаи бузургтар ба баҳои ҷон"


Як бамгузори машкуки интиҳорӣ дар шаҳри Грозний-пойтахти ҷумҳурии Чеченистони Русия ду афсари пулисро ба қатл расондааст. Ин ҳодиса дар назди вазорати дохилаи Чеченистон рух додааст. Руслан Алханов-вазири умури дохилаи Чеченистон гуфт, бозрасон талош доранд шахсияти ин ҳамлакунандаро дақиқ кунанд. Вай афзуд:

"Ин ду нафар талош доштанд аз посгоҳ бигзаранд. Пулис ба онҳо роҳ надод, ба баҳои ҷони худ. Ду афсари мо аз фоҷеъаи бузургтаре пешгирӣ карданд".

Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ду марди ношинос талош доштаанд дар назди бинои вазорат аз посгоҳ бигзаранд. Вақте, ки афсари пулис барои нигоҳ доштани онҳо қадам пеш гузоштааст, яке аз афроди ношинос худро мунфаҷир сохтааст. Ду афсари пулис кушта, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG