Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тартиби насби аксҳо бо раиси ҷумҳур дар Тоҷикистон


Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни номае ба раҳбарони вазоратхонаҳо, вилоятҳову шаҳрҳо, ноҳияҳо ва муассисаҳо дастур додааст, ки аксҳо ва қолинҳое, ки дар онҳо раисони шаҳру ноҳияҳо бо раиси ҷумҳур бардошта шудаанд, аз дафтари корӣ ва канори роҳҳо бардошта шаванд. Дар дастури мазкур ҳадаф аз ин кор хотима гузоштан ба каҷфаҳмӣ дар миёни мардум ва пешгирӣ аз худнамоӣ арзёбӣ шудааст. Пешниҳод шудааст, ки насби чунин аксҳо дар чунин ҷойҳо дар оянда бояд бо дафтари расёати ҷумҳурӣ ҳамоҳанг карда шавад. Тарзи насби лавҳаву овезаҳо дар мақбараву мазорҳо ва соири ёдгориҳои тарихӣ низ дар ин дастур тавзеҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG