Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирор аз водии Свот идома дорад


Шабонарӯзи гузашта бар асари амалиётии артиши Покистон дар водии Свот 50 тан аз мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” кушта шуданд. Дар ин бора низомиёни воломақоми Покистон хабар доданд ва гуфтанд, ки дар набардҳо 9 низомии кишвар ҳам ба ҳалокат расиданд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон, то имрӯз минтақаи даргириҳоро 834 ҳазор нафар сокинони осоишта тарк намуданд. Онҳо ба сафи беш аз 500 ҳазор нафаре пайвастанд, ки соли гузашта водии Свотро тарк карда буданд. Раҳбари Комиссариати Олии СММ дар умури паноҳандагон Антониу Гутерриес изҳор намуд, ки ин паноҳандагон ба кумаки оҷили ҷомеъаи ҷаҳонӣ ниёз доранд: Ӯ гуфт, "ман аз он нигаронам, ки ягон вокуниши мусбии башардӯстонаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ҳаводиси Покистон мушоҳида намешавад. Ва ин, албатта, ба сангинтар шудани вазъ дар кишвар мусоидат мекунад".
Артиши Покистон амалиёти густарда дар водии Свот алайҳи мусаллаҳони мухолифи ҳукуматро баъди он шурӯъ кард, ки толибон созиши оташбас бо нерӯҳои ҳукуматиро поймол карданд.
XS
SM
MD
LG