Пайвандҳои дастрасӣ

Тураҷонзода: Бен Лоден мактаб ва пайравони худро дошт


Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода-яке аз шахсиятҳои мазҳабӣ ва сиёсии Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфтааст, пешгӯӣ кардани вазъи ҷаҳон баъд аз куштори Усома Бен Лоден хеле душвор аст. Ба гуфтаи вай, Бен Лоден дар танҳоӣ касе набуд. Вале набояд фаромӯш кард, ки вай мактаби худ ва пайравони худро дошт. Оқои Тураҷонзода афзуд, агар муносибати абарқудратҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо, ба ҷаҳони ислом тағир наёбад, наметавон гуфт, ки бо куштори Бен Лоден гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав дар як соат нопадид хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG