Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама қатли Бен Лоденро дастовард арзёбӣ кард


Усома Бен Лоден кушта шуд
Усома Бен Лоден кушта шуд
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки Усома Бен Лоден-раҳбари шабакаи террористии Ал Қоида кушта шудааст.
Обама гуфт, тарроҳи ҳамлаи террористии 11-ӯми сентябри соли 2001 ба Амрико дар ҷараёни як амалиёт ба раҳбарии нируҳои амрикоӣ дар Покистон ба қатл расидааст ва ҳоло ҷасади ин террорист дар дасти Амрикост. Обама гуфт:

“Марги Бен Лоден муҳимтарин дастовард то ба имрӯз дар муборизаи миллати мо барои шикасти Ал Қоида аст. Вале марги вай нишонаи поён ёфтани талошҳои мо нест. Шаке нест, ки Ал-Қоида ҳамлаҳоро бар зидди мо идома диҳад. Мо бояд ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ҳушёр бошем ва хоҳем буд”.

Обама эълон кард, ки дар ҷараёни амалиёти нобудии Бен Лоден касе аз нируҳои Амрико талаф наёфтааст. Ба гуфтаи Обама, нируҳои амниятии Покистон нируҳои амрикоиро барои пайдо кардани маҳали иқомати Бен Лоден кӯмак кардаанд.
XS
SM
MD
LG