Пайвандҳои дастрасӣ

Як заминларзаи 5,4-баллӣ шарқи Қазоқистонро таккон дод. Дар бораи хисороти молӣ ё ҷонии ин офати табиӣ ҳанӯз гузориш нашудааст. Маркази заминларза дар 70-километрии шимолушарқи Алма-Ато, пойтахти тиҷоратии Қазоқистон, сабт шуда, Ройтерс мегӯяд, дар Алма-Ато ҳам сохтмонҳо чанд сония ларзидаанд. Бар асари як заминларзаи 100 соли пеш бахши аъзами Алма-Ато ба замин яксон шуда буд.
XS
SM
MD
LG