Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хунсо шудани як қасди ҳамлаи Ал-Қоида дар Олмон


Арки пирӯзӣ дар Олмон
Арки пирӯзӣ дар Олмон
Додситонҳои Олмон мегӯянд, яке аз 3 узви боздоштшудаи Ал-Қоида соли гузашта аз сӯи як раҳбари аршади ин шабака барои анҷоми ҳамла дар Олмон дастур гирифта буд. Муовини додситони федеролӣ Райнер Грисбаум гуфт, ин нафари 29-сола Абдулҳаким Ал-К... ном дошта, гумонбарон ба таҳияи маводи мунфаҷира оғоз карда буданд, вале ҳадафи ҳамлаи онҳо ҳанӯз мушаххас нашуда буд: «Онҳо барои анҷоми ҳамла дар Олмон амр гирифта буданд. Онҳо аммо ҳанӯз ҳадафи мушаххасе надоштанд. “
Раҳбари пулиси Олмон Йорг Зиерк гуфт, Абдулҳаким Ал-К... аз моҳи ноябр дар Олмон ғайриқонунӣ ба сар мебурд ва бо Австрияву Марокаш ва Эрону Косово робита дошт.
XS
SM
MD
LG