Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО мегӯяд, халабони кушташуда толиб набудааст


Пойгоҳи ҳавоӣ дар Кобул
Пойгоҳи ҳавоӣ дар Кобул
НАТО гуфт, халабони собиқи афғон, ки дар як тамрингоҳи нирӯҳои ҳавоӣ дар Кобул 8 сарбоз ва як корманди қарордодии Амрикоро кушт, зоҳиран рабте бо Толибон надошт. НАТО мегӯяд, таҳқиқоти то ҳол анҷомшуда ҳокист, ки ин халабони 45-сола ба сари худ амал карда, кадом аломати иртиботи ӯ бо чирикиҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин афғон, ки ба ҳайси маъмур кор мекард, рӯзи чоршанбе дар пайи як баҳси лафзӣ даст ба силоҳ бурда, худаш низ дар натиҷа кушта шуд. Толибон ба масъулияти ин ҳамла иддао мекунанд.
XS
SM
MD
LG