Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихвон-ул-Муслимин ба тазоҳуроти Сурия ҳамроҳ мешавад


Гурӯҳи мамнӯи Ихвон-ул-Муслимин рӯзи ҷумъа аз мардуми Сурия хост, ки ба кӯчаву хиёбонҳо бирезанд ва бар зидди саркӯбии тазоҳуркунандагон аз сӯи нируҳои ҳукуматӣ эътироз кунанд. Эътирозгарон озодиву демократия дар Сурияро тақозо мекарданд. Бори нахуст дар Сурия гурӯҳи Ихвон-ул-Муслимин мардумро ба тазоҳуроти зидди режими Башор Асад даъват кардааст. Фаъолони тазоҳуроти эътирозӣ рӯзи ҷумъаро “Рӯзи ғазаб” эълон кардаанд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, дар давоми шаш ҳафтаи тазоҳуроти эътирозӣ дар ин кишвар бештар аз 500 нафар кушта шудаанд. Ба бовари онҳо, ин афрод ба дасти нируҳои амниятӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG