Пайвандҳои дастрасӣ

Як рӯзи хунин дар Афғонистон


Афғонистон имрӯз шоҳиди бомбгузориву хунрезии зиёде шуд. Бино ба гузоришҳо, ду бомбгузории маргталаб имрӯз худро дар ҷануби Афғонистон, мунфаҷир карда, ҳафт нафар, аз ҷумла ғайринизомиёну сарбозон ва кормандони пулис куштаанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ ба асари ин бомбгузориҳо дар шаҳри Гиришки вилояти Ҳилманд, ҳамчунин 20 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар вилояти шарқии Нангарҳор ба гуфтаи мақомот, таркиши бомби канори роҳ, ҳафт бинокореро куштааст, ки ба маҳалли корашон мерафтаанд. Таркиши бомби дигаре дар назди як мошин дар вилояти Зобул сабаби марги се ғайринизомӣ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG