Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оворагон дар Покистон бештар мешаванд


Артиши Покистон қуюди шабгардӣ дар шимолуғарби водии Свотро сабуктар кардааст, то ба ғайринизомиён имкон диҳад, аз маҳалҳои даргирӣ бо Толибон гурезанд. Бино ба гузоришҳо, бо истифода аз ин фурсат, даҳҳо ҳазор нафар хонаҳои худро тарк мекунанд ва ба садҳо ҳазор беҷошудаи дигар мепайванданд, ки дар ӯрдугоҳҳои муваққатӣ ба сар мебаранд. Носирхон – як сухангӯи низомии Покистон гуфт, ба мардуми ғайринизомии чаҳор ноҳия ҳашт соат фурсат додаанд, то маҳалҳои зисти худро тарк кунанд, зеро ба паноҳгоҳҳои Толибон дар ин ноҳияҳо ҳамла хоҳад шуд. Мақомоти Покистон ҳеҷ иттилоъе доир ба талафоти ғайринизомиён дар ҷангҳо нашр накардаанд. Аммо Юсуф Ризо Гелонӣ - нахуствазири Покистон, ҷанг бо Толибонро "ҷанги партизанӣ" хонд, ки ба гуфтаи вай, ҷангест барои ҳифз ва наҷоти Покистон.
XS
SM
MD
LG