Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори бошитоби мардум аз водии ҷангзадаи Свот


Акси як паноҳҷӯи хурдсол дар урдугоҳи Снапӣ

Акси як паноҳҷӯи хурдсол дар урдугоҳи Снапӣ

Дафтари муҳоҷирати СММ мегӯяд, ки то имрӯз водии оғушта ба ҷанги Свот дар шимолу ғарби Покистонро 500 ҳазор сокини маҳаллӣ тарк кардаанд.

Ин созмон ҳушдор медиҳад, ки бо вусъатёбии амалиёти зиддиҷангиён дар ин минтақа шумори мардуми фирорӣ беш аз як миллион нафар хоҳад шуд. Комиссионери олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯянд, ки дар паи хушунатҳои нав ҳудудан 200 ҳазор нафар маконҳои зисти худро тарк карда вориди манотиқи амн шудаанд.

Сухангӯи ин бахши СММ дар як нишасти матбуотӣ дар Женева гуфт, ки ҳудудан 300 ҳазор тани дигар дар ҳоли берун шудан аз ин водӣ мебошанд. Рон Редмонд гуфт, ки аз рӯи ҳисобҳои ин оҷонс, шумори фирориён, ки аз моҳи августи порсол дар пайи хушунатҳо ба тарки маҳалҳои зисти худ шурӯъ карданд, 555 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ҳоло дар минтақа амалиёти пуршиддат ва фарогире бо ширкати нирӯҳои ҳавоии Покистон, ҳавопаймоҳову чархболҳои ҷангӣ ва нирӯҳои заминӣ идома дорад.

Як фирорӣ бо исми Амнонуллохон, ки тоза се рӯз пеш аз водӣ берун шудааст, вазъро дар минтақаи ҷангӣ чунин тасвир кард: "Дар Свот бомборони шадид идома дошт. Деҳаи ман ва кулли минтақаи атроф хароб шуд. Бар асари бомборон дар пеши чашми ман 45-50 кас нобуд шуданд. Онҳо ҳамДафтари муҳоҷирати СММ мегӯяд, ки то имрӯз водии оғушта ба ҷанги Своти Покистонро, ки дар шимолуғарби ин кишвар ҷойгир аст, 500 ҳазор сокини маҳаллӣ тарк кардаанд. Ин созмон ҳушдоа мурданд, пора-пора шуданд".

Рон Реймонд гуфт, ки гурӯҳҳои кормандони СММ гузориш медиҳанд, ки бар асари фирори мардум ҳама роҳҳои водии Своту Бунер масдуд шудаанд. Дар ҷо-ҷои роҳҳо UNHCR нуқтаҳои тавзеҳи ғизову об ва дигар хадамоти башариро ташкил кардааст.

Рӯзи панҷшанбе нахуствазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ ҳушдор дод, ки террористон аз водии Свот, паноҳгоҳи Толибон берун ва нобуд карда мешаванд: "Бо ҳадафи барқарории номус ва ифтихори ватани мо, ба хотири ҳимояти мардум нирӯҳои мусаллаҳ ба нобудкунии ҷангиёну террористон сафарбар шуданд".

Ҳукумат дар як муроҷиаташ ба ҷангиён аз онҳо тақозои халъи силоҳ кард, ки як шарти муҳими созиши сулҳи миёни Толибони Свот ва мақомоти маҳаллӣ мебошад. Ин созиш се моҳи пеш ҳосил шуда буд. Вале мисли дигар сокинони Покистон ҳоло Амонуллохон, марде, ки хонаи ӯ ҳоло дар коми оташ қарор дорад, мегӯяд, ки намефаҳмад ҳукумат бо чӣ кор машғул аст: "Як дафъа онҳо амалиёти низомиро шурӯъ карданд. Баъд онҳо қарордоди оташбасро имзо карданд. Ва ҳоло онҳо дубора амалиёти низомиро оғоз карданд. Мо аслан намефаҳмем, ки чӣ бозиеро онҳо пеш мебаранд".

Дар робита бо вазъи амниятии Покистон ва водии Свот дар мулоқоти Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико ва Осифалии Зардорӣ, ҳамтои покистонии ӯ дар ҷараёни нишасти ахири ин раҳбарон дар Вашингтон изҳори нигаронӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG