Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусаввӣ Аҳмадинажодро танқид кард


Як рақиби аслии интихоботии раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, ки ин кишвар барои изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод дар заминаи адами эътирофи дигар давлатҳо қимати гароне пардохт мекунад. Мирҳусайн Мусаввӣ дар як суханрониаш дар шаҳри ҷанубу шарқи Кирмон гуфт, ки мардум набояд барои шиорҳои бефоида қиматҳои кайҳонӣ пардохт кунанд. Вай афзуд, "мутмаин ҳастам, ки мо қонунҳои худро нигоҳ дошта метавонем, аммо дар айни замон бояд сиёсати нармтарро дунбол кунем". Аҳмадинажод барои таҳти шубҳа қарор додани куштори ҷамъии яҳудиҳо дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ва даъватҳояш барои нобуд кардани Исроил бо танқидҳои шадиди Ғарб рӯбарӯ шудааст. Мусаввӣ, ки дар гузашта мақоми нахуствазириро иҷро кардааст, дар интихоботи раёсатҷумҳурии 12 июн ҳамчун рақиби аслии Аҳмадинажод арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG