Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ:Аслиҳаи ҳастаии Покистон таҳти контрол аст


Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон дар ҷараёни боздиди худ аз Вошингтон ҷониби Амрикоро мутмаин сохт, ки мақомоти кишвараш аслиҳаи ҳастаии Покистонро зери контроли комили худ доранд. Зардорӣ рӯзи панҷшанбе дар назди сенаторҳои Амрико дар бораи талошҳои Покистон барои мубориза бо шӯришиёни Толиб сӯҳбат кард. Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон низ дар ҷараёни боздидаш аз Вошингтон бо сенаторҳо мулоқот анҷом дод. Ричард Ҳолбрук-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон гуфт, баъд аз баргузории интихоботи расёати ҷумҳурии Афғонистон бори дигар мулоқоти сеҷонаибаи Амрикову Покистон ва Афғонистон баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG