Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари боронҳои пайопай дар ду ноҳияи Тоҷикистон


Хабаргузориҳои маҳалии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки дар натиҷаи боронҳои пайдарпай 50 хонвода дар ноҳияҳои Панҷакенту Ёвон зарар дидаанд. 24 хона дар деҳи Даштободи ноҳияи Ёвон ва 30 хона дар ноҳияи Панҷакент хароб шудаанд. Дар 500 ҳектор замин мазореъи мардум аз байн рафтааст. Дар ин ноҳияҳо рафъи оқибатҳои селоб идома дорад.
XS
SM
MD
LG