Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мексика як ҳафтаи дигар мактабҳо баста хоҳанд буд


Дар Мексика ҳанӯз қисмати бузурги мактабҳо баста аст. Ба сабаби пайдоиш ва густариши бемории зукоми хук дар ин кишвар як ҳафтаи дигар ин мактабҳо баста хоҳанд буд. Аз ин беморӣ дар Мексика, дастикам, 26 нафар даргузаштаанд ва бими он меравад, ки бемории мазкур ба кишварҳои дигар низ сироят кардааст. Мактабҳо барои шогирдони синни то 15 сола як ҳафтаи дигар баста хоҳанд буд. Вале донишҷӯён рӯзи панҷшанбеи 6-ӯми май таҳсилро аз сар мегиранд.
XS
SM
MD
LG