Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба сарбозони Покистон


Ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба як корвони сарбозони Покистон дар Вилояти Свот яке аз онҳоро куштаанд. Ин ҳамла созишномаи сулҳи ҳукумат бо ҷангҷӯёни Толибро осебпазиртар кард, ки кишварҳои ғарбӣ онро таслим шудани ҳукумати Покистон, ба тундравон хондаанд. Пеш аз ин ҳамла ва дар ду рӯзи пурхушунати гузашта, низомиёни Покистон, ҷангҷӯёни Толибро ба “нақзи фоҳиши” созиши сулҳ муттаҳам карданд. Ахири ҳафтаи оянда ин мувофиқатнома ва мубориза ба зидди тундравӣ дар Покистон дар мулоқоти раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ ва Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико баррасӣ шавад. Интизор меравад, ки Осиф Алӣ Зардорӣ аз Амрико бихоҳад, то дар амри беҳбуди иқтисоди бемори Покистон ва мусаллаҳ намудани нерӯҳои амниятии номуҷаҳҳаз ба ин кишвар кӯмаки бештар кунад.
XS
SM
MD
LG