Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани ду наврас аз таркиши бомба


28-уми апрел дар водии Рашти Тоҷикистон ду наврас аз таркиши бомбае, ки эҳтимолан аз замони ҷанги шаҳрвандӣ мондааст, захмӣ шуданд.

Ин хабар дар ҳоле ба мо расид, ки барномаи радиоии мо идома дошт ва дар ҷараёни он ба таври мустақим муҷрии барнома Мирзои Салимпур бо хабарнигори мо дар водии Рашт, Маҳмуди Шодӣ дар тамос шуда, ба таври зинда аз ин ҳодисаи нохуш ва пайомадҳои он ба шунаванда иттилоъ доданд.

Хабарнигори мо дар ҳоле тафсилоти воқеъаро ҳикоят мекард, ки намояндаи Кумитаи Байнулмилалии Ҳилоли Аҳмар дар ин водӣ, Шарбатхоҷа Сайидхоҷаев низ дар ҷои ҳодиса буд ва бо барномаи Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ вориди мусоҳибаи мустақим шуд. Вай гуфт, ин аввалин ҳодисаи инфиҷори пасмондаҳои давраи ҷанги дохилӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Рашт мебошад. Ба ин сабаб дар ҷои ҳодиса ҳеҷ гуна аломати ҳушдордиҳанда вуҷуд надоштааст.

Ҳамкори дигари мо Искандари Хоҷамирзода бо яке аз захмбардоштагони таркиш, Холид Раҳмонхоҷаи 11-сола, ки ҳамроҳ бо бародараш Дилшоди 18-сола ба бемористони марказии ноҳияи Рашт интиқол ёфтааст, дар тамос шуд ва сӯҳбат кард. Вазъи Холид беҳтар, аммо аз Дилшод сангин унвон мешавад.

Барои шунидани гузориши фаврии Маҳмуди Шодӣ ва мусоҳибаҳо бо намояндаи Кумитаи Байнулмилалии Ҳилоли Аҳмар дар водии Рашт, Шарбатхоҷа Сайидхоҷаев ва ҳам мусоҳибаи бо кӯдаки захмӣ -- Холиди Раҳмонхоҷа, ки мегӯяд, дигар бо ашёи ноошно бозӣ нахоҳад кард, ба рамзи бахшҳои чандрасонаӣ дар гӯшаи рости боло фишор диҳед.

XS
SM
MD
LG