Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба поксозӣ аз мина


Маркази минрӯбии Тоҷикистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, бо пазируфтани узвияти Конвенсияи Оттава минтақаи мазкурро аз минаҳои зидди пиёданизом холӣ гардонанд. Ин даъват дар як матлаби расмии ба нашрдодаи Маркази минрӯбӣ ба истиқболи рӯзи ҷаҳонии кӯмак ба амалиёти алайҳи минаҳо, ки ҳарсола дар рӯзи 4 – уми апрел истиқбол мешавад, баён шудааст. Конвенсия ва ё шартномаи мазкур дар соли 1999 ба ҳукми амал даромада, ба 156 кишвари узви худ манъи истеҳсол, захира ва истифодаи минаҳои зидди пиёдагард ва безарарсозии онро мефармояд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон (дар соли 1999) ва Туркманистон узвияти шартномаи мазкурро пазируфта, вале се кишвари дигари минтақа: Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон зери он имзо нагузоштаанд.

Дар матлаби нашркардаи Маркази минрӯбии Тоҷикистон омадааст, ҳамасола аз таркиши минаҳо дар саросари ҷаҳон 15 – 20 ҳазор одамони осоишта маҷрӯҳ ё ҳалок мегарданд ва дар ҳар 30 дақиқа бархӯрд бо мина як одамро кушта ва ё маҷруҳ мегардонад. Маркази минрӯбӣ дар мисоли Тоҷикистон меафзояд, аз соли 1992 ба ин сӯ, замоне ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ майдонҳои зиёд дар манотиқи ҷанубу шарқи Тоҷикистон ва ба думболи он дар соли 2000 – ум манотиқи марзӣ аз ҷониби Узбакистон минкорӣ гардид, аз таркиши минаҳои зидди пиёдагард беш аз 350 сокини Тоҷикистон ба ҳалокат расида, наздики 450 нафар маъюбу маслух гаштаанд. Ба гуфтаи муаллифони матлаб, тақрибан ними қурбониёни таркиши минаҳо сокинони мулкие мебошанд, ки бо зарурати рӯзгор, барои ҷамъоварии ҳезум ё чарои ҳайвоноти хонагӣ ба манотиқи марзӣ по ниҳодаанд.

Ҷонмаҳмад Раҷабов, раҳбари маркази минрӯбии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, даъвати расмии онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири хотима додан ба азобу бадбахтиҳоест, ки таркиши минаҳо ба одамони осоишта меорад. Ӯ гуфт, бо вуҷуди он ки дар манотиқи ҷанубу шарқи Тоҷикистон ҳудуди 2.5 миллион метри мураббаъ замини минкорӣ безарар гардонида шудааст, боз беш аз 15 миллион метрии мураббаъи минкорӣ ба ҷони одамону ҳайвонот хатарангез боқӣ мондааст. Сокинон наметавонанд дар қитъаҳои минкоришуда дона коранд ва баҳра бардоранд .

Маркази мазкур дар ҳоле ба хотири озод кардани минтақаи Осиёи Марказӣ аз минаҳои зидди пиёдагард садо баланд мекунад, ки чанд рӯз пеш Ҷамшед Давронов ном як сокини деҳаи Лаққони ноҳияи Исфара дар манотиқи марзии наздик ба маҳали зисташ ҳамарз Бо Узбакистон ба мина бархӯрда, ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, вай дар вақти чарои ҳайвоноти хонагӣ надониста ба майдони минкорӣ қадам гузошта буд .

Душанбе борҳо ба мақомоти Тошканд ҷиҳати барчидани минаҳо аз манотиқи марзӣ борҳо муроҷиат карда, вале беҷавоб мондааст.

Аз Парвиз Мавлонқулов, масъули маркази минрӯбии Тоҷикистон оид ба амалиёти безарарсозии минаҳо пурсидам, оё изҳороти мақомоти Узбакистон дар як соли пеш, ки гуфтанд ба барчидани минаҳо дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон шурӯъ кардаанд, то кадом андоза дуруст аст. Ӯ гуфт, инро сафорати Узбакистон дар Душанбе низ расман тасдиқ кардааст, вале амалиётеро дар ин самт аз ҷониби Тошканд мушоҳида накарда, дар ин бора маълумоте ҳам дар дастрас надоранд. Ӯ афзуд, чун дар ҳоли кунунӣ марзҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон пурра муайян ва нишонгузорӣ нашудааст, Душанбе имкон надорад ба сурати якҷониба ба барчидани минаҳо иқдом кунад .

Вале коршиносон мегӯянд, ки шомил набудани Узбакистон ба конвенсияи Оттава масъулияти мақомоти ин кишварро дар барчидани минаҳои марзӣ костааст. Коршинос Алии Муҳаммадӣ мегӯяд, бояд мақомоти Тоҷикистон расман ба таври мустақим ва қотеъ аз Тошканд барчидани минаҳоро талаб кунад.
XS
SM
MD
LG