Пайвандҳои дастрасӣ

Cафари офарандагони "Юсуф-паёмбар" ба Тоҷикистон


Рӯзҳои наздик барои ширкат дар маросими ифтитоҳи дафтари намояндагии хабаргузории “Форс”-и Эрон дар Душанбе коргардони филми бисёрсериягии “Юсуф-паёмбар” Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр ва теъдоде аз ҳунармандоне, ки дар ин филм нақш офаридаанд, ҳамроҳи мудири ин хабаргузорӣ Ҳамидризо Муқаддамфар ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Ин ҳайъат, ки чор рӯз дар Душанбе ҳузур хоҳад дошт, дидору мулоқотеро ҳам бо масъулини расмӣ ва филмсозону коршиносон ва расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон дар назар гирифтааст. Сериали “Юсуф-паёмбар”, филми сохтаи синамогарони Эрон таҳти назари коргардон Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр ҳоло аз пурфурӯштарин филм дар дискфурӯшиҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.
XS
SM
MD
LG