Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифин вз "раъйи тиллоӣ" истифода мекунанд


Се ҳизби мухолифи ҳукумати Молдова тасмим гирифтаанд, ки дар интихоби раисиҷумҳури нав монеъа эҷод ва барои баргузории интихоботи такрории парлумонӣ пойфишорӣ кунанд. Раиси ҳизби либералӣ Михай Гимну изҳор намуд, ки мухолифин, ба истилоҳ, “раъйи тиллоӣ” доранд – Ҳизби коммунист дар интихоботи ахири парлумонӣ соҳиби 60 курсӣ шуд, дар ҳоле, ки барои интихоби раисиҷумҳури нав 61 раъйи вакилони парлумон зарур аст. Қарор аст нахустин иҷлосияи парлумони нави Молдова рӯзи 5 май баргузор шавад, ки дар он, аз ҷумла, мавзӯъи интихоби раисиҷумҳур баррасӣ мешавад.
Имрӯз пленуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Молдова бояд дар мавриди номзади ҳизб ба мақоми раисиҷумҳур тасмим бигирад. Раисиҷумҳури феълӣ Владимир Воронин ду бор курсии президентиро соҳиб шуда буд ва дигар ҳаққи пешбарии номзадии худро надорад.
XS
SM
MD
LG