Мақомоти низомии Ироқ дар бораи боздошти Абӯумар Бағдодӣ хабар медиҳанд. Абӯумар Бағдодӣ дар феҳрасти афроди таҳти таъқиби шадиди давлати Ироқ қарор дошт ва раҳбари шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида шинохта мешуд. Ин шӯъба худро давлати исломии Ироқ унвон мекунад.