Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯёрӯӣ дар марзи Гурҷистон бо Осетияи ҷанубӣ


Имрӯз дар марзи Гурҷистон бо вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ як задухӯрд рух дод, вале бино ба хабарҳо, касе осеб надидааст. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар оғози даргирӣ муқассир мехонанд. Аммо тирандозӣ дар ин марз ҳамагӣ чанд соат қабл аз шурӯъи музокироти мақомоти Гурҷистону Осетияи ҷанубӣ бо нозирони байналмилалӣ иттифоқ уфтод. Қарор аст, дар ин музокирот роҳҳои оддӣ сохтани вазъи минтақа дар пайи ҷанги соли гузаштаи Гурҷистону Русия баррасӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG