Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Анкараву Ереван пиромуни эҳёи равобит


Туркияву Арманистон дар пайи музокироте, ки бо миёнҷигарии Швейтсария доир шуд, изҳор доштанд, ки ки роҷеъ ба роҳҳои эҳёи равобити миёни ҳарду кишвар ба тавофуқ расидаанд. Вазоратҳои хориҷаи Туркияву Арманистон бо пахши як баёния гуфтанд, ки ҳарду ҷониб бар сари як роҳи фарогири оддӣ сохтани равобит тавофуқ кардаанд. Ин баёния ҳамагӣ як рӯз қабл аз 24 апрел, ки арманиҳо рӯзи ёдбуди қурбониёни куштори ҷамъии соли 1915-ро баргузор мекунанд, нашр шуд. Арманистон қатли омми арманиҳо тавассути нирӯҳои туркони усмониро наслкушӣ меномад. Аммо Туркия истифодаи вожаи наслкушӣ дар қиболи он фоҷиаро радд карда, куштори арманиҳоро пайомади ҷанги шаҳрвандӣ мехонад. Туркия соли 1993 ба нишони пуштибонӣ аз Озарбойҷон, ки бо Арманистон барои вилояти умдатан арманинишини Қаробоғ вориди ҷанг шуда буд, марзҳояш бо Арманистонро баст.
XS
SM
MD
LG