Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "Эрон дар меҳвари сиёсати Амрикост"


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ҳадафи Амрико аз даст ёфтан ба силоҳҳои ҳастаӣ манъ кардани Эрон аст. Хонум Клинтон дар кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Конгресс Эрон ва барномаҳои ҳастаии он кишварро аз рууси сиёсатҳои Вошингтон ном бурд. Аммо Клинтон гуфт, шеваи таҳримот дар қиболи Эрон дар сурати кор надодани роҳи музокирот истифода хоҳад шуд. Эрон имрӯз гуфт, аз гуфтугӯи “созанда” бо қудратҳои ҷаҳонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаияш истиқбол мекунад, вале ба идомаи фаъолиятҳои ҳастаияш исрор хоҳад варзид.
XS
SM
MD
LG