Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози Душанбе -Тошканд кай доимӣ хоҳад шуд?


Раҳбари ширкати “ТоҷикЭйр” Алимурод Маҳмадалиев гуфт, парвозҳои доимӣ дар хатти сайри ҳавоии Душанбе – Тошканд дар пайи имзо шудани созишномаи байнидавлатӣ ба роҳ гузошта хоҳанд шуд. Оқои Маҳмадалиев гуфт, ин қарордодро ҷониби Тоҷикистон комилан пазируфтааст ва он феълан дар дасти баррасии ҷониби Узбакистон қарор дорад. Раҳбари “ТоҷикЭйр” гуфт, агар Тошканд ин қарордодро бипазирад, Тоҷикистон омода ҳаст парвози ҳавопаймоҳояш нафақат ба Тошканд, балки ба шаҳрҳои дигари Узбакистонро низ роҳандозӣ кунад. Иртиботи ҳавоӣ миёни Узбакистону Тоҷикистон ҳанӯз соли 1992 қатъ шуда буд. Соли 2000 байни Душанбеву Тошканд як парвози озмоишӣ анҷом шуд, вале иртиботи ҳавоӣ миёни ду кишвар ба дунболи ин як парвоз дубора қатъ шуд.
XS
SM
MD
LG