Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коммунистҳои Молдова дубора баранда эълон шуданд


Ҳизби ҳокими коммунисти Молдова бар асоси шумориши такрории интихоботи парлумонии рӯзи 7 апрел имрӯз дубора барандаи ин маърака эълон шуд. Юрий Чокан, раиси куммиссиюни интихоботи Молдова, гуфт, натоиҷи шумориши дубора аз шумориши қаблӣ фақат андаке фарқ мекунад. Ба наздики 50 дарсади оро соҳиб шудани ҳизби коммунист эътирозоти густардаеро дар пойтахти Молдова, шаҳри Кишинёв ба бор овард ва ба беназмиҳо печид.
XS
SM
MD
LG