Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасади се сарбози гумшудаи қисми марзбонии Ишкошим ёфт шуд. Ёрдамчии навбатдори фаврии қисми марзбонии Ишкошим Сабралӣ Саидалиев дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади сарбозон дар маҳалли Башгумбези ноҳияи Мурғоб пайдо гардида, ба маҳали зисташон дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ фиристода шудаанд.

Сухангуи раёсати корхои дохила Мизроб Доробов низ таъйид кард, ки ҷасадҳои се сарбози қисми марзбонӣ аз зери барф ёфт шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин сарбозон дар натиҷаи роҳгум задани гурӯҳ аз сабаби нерӯи ҷисмонии камтар доштан аз ҳамроҳонашон ҷудо шуда ва бар асари гуруснагиву сармо фавтидаанд.

Кӯшиши пайвастан бо додситонии гарнизони ҳарбии Хоруғ натиҷа надод, аммо қаблан додситон гуфт, ки онҳо ба манзури таҳқиқи ҳодисаи бедарак шудани се сарбоз ва сармо задани сеи дигар ба маҳалли ҳодиса сафар мекунанд.

Ҳамзамон дар шӯъбаи фаврии бемористони марказии вилояти Бадахшон, ки афсар ва ду сарбози дигари сармозадаи ин гурӯҳ ба ин ҷо оварда шуданд, иттилоъ доданд, ки ахиран афсар бинобар ваҳим будани саломатиаш ба госпитали Душанбе ва сарбозон, ки вазъи саломатиашон вазнини миёна арзёбӣ мешавад, ба госпитали ҳарбӣ дар Хоруғ бурда шуданд.

Ба гуфтаи афсари дидбонгоҳи қисми марзбонии Ишкошим, шамоли сахт ва барфу борон боиси раҳгум заданашон ҳангоми иваз намудани посдорон дар дидбонгоҳи дурдасти марзӣ гардиааст.

Аммо фарзияҳои дигари қазия ҷой дошта, мақомоти додситони гарнизони ҳарбиии Хоруғ гуфт, ки онҳо пас аз таҳқиқи пурраи ҳодиса хулосаи худро эълон хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG