Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрими анҷумани нажодпарастии СММ


Ҳолланд ва Австралия низ ба дунболи Амрикову Исроил ва Канада анҷумани СММ роҷеъ ба нажодпарастиро, ки қарор аст, рӯзи душанбе дар Женева оғоз ба кор кунад, таҳрим карданд. Ин 5 кишвар аз он нигаронанд, ки минбари ин анҷуман метавонад ба манзури нашри шиорҳои зидди Исроил ва зидди Ғарб истифода шавад. Анҷумани қаблии СММ дар Дурбани Африқои ҷанубӣ дар соли 2001 бо ҷанҷол анҷом ёфта буд. Давлатҳои арабӣ дар он ҳамоиш тақозо карданд, ки саҳюнизмро низ навъе аз нажодпарастӣ эътироф кунанд. Амрикову Исроил ба дунболи ин тақозо толори анҷуманро тарк гуфтанд.
XS
SM
MD
LG