Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Роксана Собирӣ мегӯяд, ӯ фиреб хӯрдааст


Додгоҳи Эрон хабарнигори эронитабори амрикоӣ Роксана Собириро бо ҷурми ҷосусӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ризо Собирӣ, падари Роксана, гуфт, мақомот ӯро бо роҳи фиреб маҷбур ба эътирофи гуноҳ кардаанд ва духтари вай гумон дошт, ки агар ҳамкорӣ бикунад, раҳо хоҳад ёфт. Роксана Собирӣ, ки моҳи январ ҳангоми харидани машруб боздошт шуд, ибтидо ба фаъолияти бидуни хатти муҷавиз, вале баъдан ба ҷосусӣ айбдор шуд. Ӯро рӯзи 13 апрел ба додгоҳ эҳзор карданд.
XS
SM
MD
LG