Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси газ миёни Русия ва Озарбойҷон


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев имрӯз бо ҳамтои озари худ Илҳом Алиев масъалаҳои энержиро баррасӣ хоҳад кард. Ширкати давлатии нафтугази Озарбойҷон бо Газпроми Русия тавофуқ кард, ки сар аз соли нав ба он газ бифурӯшад. Коршиносон мегӯянд, ин созиш метавонад, тарҳи лулаи Набуккоро, ки Иттиҳоди Аврупо аз он ҳимоят мекунад, ба ҳам занад. Ҳадафи Набукко интиқоли гази Осиёи Марказӣ ба Аврупо бидуни қаламрави Русия аст.
XS
SM
MD
LG