Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собирӣ дар ҷосусӣ айбдор мешавад


Додгустарии Эрон мегӯяд, журналисти амрикоиву эронӣ, ки аз моҳи январ ба ин сӯ дар боздошт ба сар мебарад, бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Иёлоти Муттаҳида муҳокима мешавад. Сухангӯи додгустарӣ, Алиризо Ҷамшедӣ гуфт, муҳокимаи журналист Рухшона Собирӣ рӯзи душанбе сар шудааст ва ҳукм ба зудӣ эълон хоҳад гашт. Собирӣ ибтидо барои фаъолияти бидуни муҷаввиз айбдор мешуд, аммо додварон ҳафтаи гузашта ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам карданд, ки метавонад, ба ҳукми қатл сабаб гардад. Вошингтон айбномаро беасос меномад ва озодии Собириро тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG