Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви парлумони Қирғизистон кушта шуд


Санҷар Қодиралиев, узви парлумони Қирғизистон, дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Бишкек, кушта шуд. Сухангӯи вазорати умури дохила гуфт, Қодиралиев дар назди манзилаш ҳадафи тири афроди ношинос қарор гирифт. Санҷар Қодиралиев муовини ҳизби Оқжол буд, ки аз раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев ҳимоят мекунад. Қирғизистон тайи ҳафтаи охир бо наздик шудани замони интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ, ки қарор аст, моҳи июл баргузор шавад, ба танишҳои афзояндаи сиёсӣ рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG