Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри додгоҳ доир ба интихоботи Молдова


Додгоҳи Қонуни Асосии Молдова амр дод, то раъйҳои интихоботи баҳсбарангез дар ин кишвар, ки сабаби тазоҳуроти хушунатомез шуд, аз нав шумурда шавад. Владимир Воронин – раисиҷумҳури Молдова, ки Ҳизби Коммунисташ дар интихоботи порлумонии 5-уми апрел пирӯз шуд, баъди иддаъои мухолифин доир ба тақаллуб дар интихобот хост, то раъйи мардумро аз нав бишуморанд. Димитру Пубелере – раиси додгоҳ гуфт, мақомоти интихоботӣ барои шумориши дубораи раъйҳо 9 рӯз мӯҳлат доранд. Ба гуфтаи вай, феҳрасти раъйдиҳандагон ҳам аз нав дида мешавад, ки ба гуфтаи мухолифин дар онҳо номи афроди фавтидаро ҳам ҷой додаанд. Имрӯз ҳазорон нафар ба тазоҳуроти мухолифин дар шаҳри Кишинёв пайвастанд, то ба гуфтаи онҳо натиҷаҳои интихоботро маҳкум кунанд. Бино ба гузоришҳо, фазои тазоҳурот, ки асосан афроди куҳансол дар он ширкат доштанд, ором буд.
XS
SM
MD
LG