Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифин дар гирдиҳамоӣ ҳозир нашуданд


Фаъолони аҳзоби мухолифи ҳукумати Молдова дар Кишинёв тазоҳурот доир нахоҳанд кард. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар соати муқарраршуда дар майдони марказии пойтахт нафаре аз онҳо ҳозир нашуд, ҳарчанд дирӯз шаҳрдорӣ барои баргузории ду намоиши эътирозӣ иҷоза дода буд.
Рӯзи сешанбе бар асари бенизомиҳо дар Кишинёв биноҳои дафтари раисиҷумҳур ва парлумон ғорат карда шуданд. Бар асари бархурди полис ва намоишгарон даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Аҳзоби мухолифи ҳукумат бознигарии интихоботи парлумониро талаб доштанд, ки дар он, ба иттилоъи расмӣ, ҳизби комунист пирӯз шудааст.
Дирӯз Комиссиюни марказии интихоботии Молдова барои ширкати намояндаҳои ҳизбҳои мухолиф дар тафтиши дубораи баргаҳои раъйдиҳии интихоботи парлумонӣ иҷоза дод. Мақомоти Молдова кишвари ҳамсоя - Руминияро дар даст доштан дар “талоши табаддулоти давлатӣ” айбдор кардаанд.
XS
SM
MD
LG