Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Италия бо қурбониёни заминларза видоъ мекунад


Имрӯз дар Италия маросими видоъ бо қурбониёни заминларзаи шадид баргузор мешавад. Тибқи иттилоъи ахир, бар асари ин офати табиӣ, ки шаби душанбе дар минтақаи кӯҳии Абрутсо ба вуқуъ пайваст, 283 нафар ба ҳалокат расидаанд. Интизор меравад, ки дар маросими видоъ бо қурбониён дар шаҳри Л’Аквила, маркази Абрутсо, сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ ширкат намояд.
Айни ҳол тақрибан 18 ҳазор мардуми бехонумонгашта дар шаҳраки хаймаҳо ба сар мебаранд. Беш аз 10 ҳазор тани дигар дар меҳмонсароҳои дур аз минтақаи офати табиӣ сарпаноҳ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG