Пайвандҳои дастрасӣ

Банди 6, моддаи 4 боби аввали Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки дар он омадааст «даъват ба ҳар гуна бартариҳо ва маҳдудиятҳо дар муносибат ба дин ва эътиқод роҳ дода намешавад» ба назари намояндагони адёни Тоҷикистон таблиғу ташвиқоти онҳоро ба мушкил дучор мекунад.

Александр Давидов, раҳбари боптистҳои инҷилгаро мегӯяд, ҳангоми таблиғу ташвиқ бар бартарии ин ё он дин бидуни шак ишора мешавад ва ин як амри табиист, аз ин хотир, бо он вуҷуд ки ӯву ҳамсафонаш Қонуни мазкурро эътироф мекунанд, рӯшанӣ андохтан ба бисёре аз нукоти қонун зарур аст. Ҳамчунин, андешаҳо миёни рӯҳониёни Тоҷикистон низ вуҷуд дорад, ки бо вуҷуди эҳтиром ва эътирофи аҳли Китоб дини исломро дини аз ҳама ростин арзёбӣ мекунанд.

Дар банди 7, моддаи 4 гуфта мешавад, ки озодии пайравӣ ба дин тариқи қонун барои ҳимояи сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, ҳифзи амният, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ, ҳамчунин ҳуқуқ ва озодии дигар шахсон метавонад маҳдуд карда шавад.

Ва дар банди 8-у 10 омадааст, барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон ва айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ аст.

Ин бандҳои қонун ба назари коршиносон ба хотири ҷилавгирӣ аз падидаҳоест, ки бахусус дар ибтидои истиқлолияти Тоҷикистон ба назар мерасиданд, он замон ки коммунистон барои андешаи зиддидиниашон мавриди хусумати бархе аз диндорон қарор гирифта буданд.

Дар банди 11 Қонун омадааст, «иттиҳодияҳои динӣ дар масъалаҳои вобаста ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ҳуқуқи дахолат ба ҳаёти шахсии инсон ва шаҳрвандро надоранд» ва дар банди 12 омадааст, «дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба қайди муносибати шаҳрванд ба дин ва эътиқод роҳ дода намешавад». Тибқи банди 13 ҳеҷ кас ҳақ надорад ба сабаби эътиқоди динии худ аз риояи қонун саркашӣ кунад ва «иваз кардани иҷрои як ӯҳдадорӣ ба дигар ӯҳдадорӣ бо сабаби эътиқоди динӣ танҳо дар ҳолатҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мумкин аст».

Ғаффор Мирзоев, корманди Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Тоҷикистон мегӯяд, иттиҳодияҳои динӣ тибқи қонун наметавонанд дахолат ба зиндагии шахсии мардум кунанд, аммо онҳо бетаъсир буда наметавонад. Оқои Мирзоев афзуд, дар бораи қайди мансубият ба ин ё он дин шояд дар Тоҷикистон маънии худро дорад: «Пайравии дини мазҳаб воқеан дар кишварҳои алоҳида мавриди пурсиш қарор намегирад., вале дар баъзе кишварҳои дигар ин озод аст ва аз онҳо суол мешавад, ки пайрави кадом дину ақида ҳастанд. Аммо дар кишвари мо ин нуктаи ҳассос аст ва инро қабул кардаанд. Хуб, мебинем, ки тағйирот дар ҷомиа ба куҷо мерасонанд. Ба фикри ман ин чизҳо бояд пурсида нашаванд»

Коршиносон мегӯянд, вақте сухан дар бораи таҳияи як қонун меравад, бояд он бо Сарқонуни кишвар мухолифат накунад. Онҳо мегӯянд, эҳтимол дорад бархе аз нукоти Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба Сарқонун мухолифат кунад, аммо дар шароити кунунӣ дар зимни қонун як қатор воқеиятҳое нуҳуфтаанд, ки онҳоро набояд нодида гирифт. Онҳо вазъи мураккаби равобити миёни мазоҳиби динҳои гуногунро мисол меоранд, ки имрӯз дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва дар ҳоли озодии комил онҳо метавонанд ба ҳам бархӯранд, ки ин ба амнияти кишвар таҳдиди бузург хоҳад буд.

Бахши аввал: Нақши махсуси Ҳанафия
Бахши дуввум: Иттиҳодияҳои динӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG