Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни дин: Иттиҳодияҳои динӣ


Боби аввали қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки муқаррароти умумиро дарбар мегирад, аз 4 модда иборат аст.

Тибқи моддаи аввал, ин Қонун ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, низ вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим мекунад.

Ва дар моддаи дуввум гуфта мешавад, ки Қонунгузории Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба Сарқонуни ин кишвар асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат аст.

Моддаи саввум мафҳумҳои асосии Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диниро шарҳ медиҳад. Мафҳумҳои аввал, озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, ки ҳуқуқи ҳар як инсонро ба интихоби эътиқод ва густариши он эътироф мекунад ва мафҳуми саввум, иттиҳодияҳои динӣ маънии иттиҳоди ихтиёрии пайравони як дин ба мақсади якҷоя анҷом додани ибодат ва маросимҳои динӣ, таълими динӣ, инчунин паҳн намудани эътиқоди диниро дорад.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳафтаномаи «Наҷот» менависад, нукоти ин мафҳумҳо дар ин шарҳ бо банди 9 моддаи 4 Қонун мухолифат мекунад, ки он ҷо омадааст: «Ба фаъолияти таблиғотии оммавии динӣ танҳо иттиҳодияҳои диние ҳуқуқ доранд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайд гирифта шудаанд». Оқои Ҳимматзода менависад, нуктаи дуввумӣ аввалиро маҳдуд мекунад.

Аммо Саидбек Маҳмадуллоев, сардори шӯъбаи дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумат муваззаф аст фаъолияти ҳамаи сохторҳои динӣ, аз ҷумла масҷиду мадорисро танзим кунад.

Моддаи 4-и Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки иборат аз 14 банд аст, «ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин» унвон дорад. Тибқи ин модда инсон дар Тоҷикистон ҳақ дорад ба ҳар дине, ки хоҳад пайравӣ кунад, ё аз он хориҷ шавад, ё онро густариш диҳад. Дар ин модда омадааст, дар Тоҷикистон ҳама новобаста аз муносибат ба дин ва мансубияти динӣ дар назди қонун баробаранд ва шаҳрвандони хориҷиву бешаҳрванд низ озоданд ва дар назди қонун ҷавобгаранд.

Дар банди 4 ин модда омадааст, «ҳеҷ кас ӯҳдадор нест, ки дар бораи муносибати худ ба дин маълумот диҳад». Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон салафиҳо ва таҳририён ба хотири эътиқоди мазҳабиашон таъқиб мешаванд. Муҳаммадшариф Ҳимматзода менависад, як қатор афрод дар Тоҷикистон ҳангоми муайян кардани муносибаташон ба дин мавриди пурсиш қарор мегиранд ва озодиашон салб карда мешавад.

Дар ин банди қонун ҳамчун гуфта мешавад, ки касе касеро барои адо кардани маросими динӣ ё ибодат маҷбур карда наметавонад. Дар банди 5 моддаи 4 омадааст, ҳеҷ кас ҳаққи эҷоди монеа ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба динро, аз ҷумла тариқи зӯр ба шахс, таҳқири ҳиссиёти шаҳрвандон вобаста ба муносибати онҳо ба дин бо тарғиби афзалияти динӣ, бо маҳв намудани молу мулк ё осеб расонидан ба он ё бо таҳдиди анҷом додани чунин амалҳоро надорад ва ин амал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад. Ҳамчунин, гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ва ҷой додани матну тасвирҳои таҳқиркунандаи ҳиссиёти динии шаҳрвандон дар назди биноҳои мӯътабари динӣ низ манъ аст.

ИН БАХШИ ДУЮМ АЗ ВИЖАГУФТОРИ МАХСУСИ РАДИОИ ОЗОДӢ ДАР БОРАИ ҚОНУНИ НАВИ
ДИН МЕБОШАД. БАХШИ АВВАЛ ИН ҶОСТ.
XS
SM
MD
LG