Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ вориди Маскав шуд


Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ сафари серӯзааш ба Русияро шурӯъ кард. Матбуоти Ироқ мегӯяд, ки Моликӣ дар Маскав ду қарордоди ҳамкорӣ бо Русияро имзо хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин масъалаи ба Ироқ баргаштани ширкатҳои русӣ, аз ҷумлаи ширкатҳои нафти ин кишварро баррасӣ хоҳад кард. Қарор аст, имрӯз Моликӣ бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путин мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG