Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Ҷанубӣ гази русиро дарёфт мекунад


Рӯзҳои шанбеву якшанбе нахустин бахше аз гази табиии Русия вориди қаламрави Кореяи Ҷанубӣ хоҳад шуд. Боре бо вазни 65 ҳазор тонна бояд ба шаҳри бандарии Тонгуеонг ворид шавад. Ширкати давлатии гази Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки ин аввалин бахше аз миқдори куллии содиротии яку ним миллион тонна газ аст, ки бояд солона вориди ин кишвар шавад. Мӯҳлати қарордод 20 солро ташкил медиҳад. Дар гузашта Кореяи Ҷанубӣ газро аз кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубушарқӣ ворид мекард. Қарордоди соли 2005-и ду кишвар содироти гази моеъро аз ширкати Sakhalin Energy дар назар мегирад. Кореяи Ҷанубӣ яке аз масрафкунандаҳои аслии гази табиӣ дар ҷаҳон мебошад, ки фақат 7,8 миллион тонна газро дар як сол барои гармкунии манзилҳо сарф мекунад.
XS
SM
MD
LG