Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурӣ-ал-Моликӣ ба Маскав рафт


Нахуствазири Ироқ Нурӣ-ал-Моликӣ имрӯз барои анҷоми сафари серӯза равонаи Маскав шуд. Вай интизор дорад, ки дар ҷараёни ин диду боздидҳо ду созишномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русия имзо мешавад. Ҷонибҳо инчунин шароити бозгашти ширкатҳои русиро ба Ироқ, ба вижа онҳоеро, ки дар риштаҳои нафт, об ва барқ кор мекунанд, баррасӣ хоҳанд кард. Нахуствазири Ироқ ҳамчунин роҳҳои дубора ба Ироқ баргаштани ширкати LUKoil ва барқарор шудани иртиботи пешинаро бо Русия баррасӣ хоҳад кард. Тибқи созишномае, ки соли 1997 ба имзо расидааст, LUKoil дар майдонҳои ғарбии Қурнаи Ироқ кор мекард.
XS
SM
MD
LG