Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Дар Маскав боз як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, кормандони пулис ҷасади ӯро соати сеи шаб дар зери купрук дар канори хиёбони Серебрянческая набережная ошкор карданд. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи тартибот, шаҳрванди Тоҷикистон бар асари чанд зарбаи сахт ба сар аз дунё даргузаштааст. Дар ҷойи ҳодиса шиносномаи дупорашудаи шаҳрванди Тоҷикистон низ пайдо шуд. Ва аммо хабаргузориҳо ҳанӯз ному насаби кушташударо ошкор накардаанд. Ба гуфтаи муфаттишон, айни ҳол фарзияи аслӣ - куштор ба хотири ғорат аст, зеро қотилон ҳамёни мақтулро бо худ бурдаанд. Ва аммо гуфта мешавад, дигар фарзияҳои куштор, аз ҷумла, бар асари адовати қавмӣ ҳам, тафтиш мешаванд. Солҳои пеш ҳодисаҳои маҳз аз сӯи кормандони милисаи Маскав дупора кардани асноди шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешуд.

XS
SM
MD
LG