Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи байналмилалии кӯмак ба фаъолиятҳои зиддимина


4 апрел дар Тоҷикистон рӯзи байналмилалии кӯмак ба фаъолиятҳои зиддимина таҷлил шуд. Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси маркази минарӯбии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Азия-Плюс гуфт, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави ин кишвар 215 минтақаи минакоришудӣ муқаррар гардид ва то имрӯз ҳудудан 12 ҳазор адад минаву дигар маводи тарканда ошкор ва безарар гардонида шудааст. Аммо бо ин вуҷуд, ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон манотиқи минакоришудаи зиёди дигар боқӣ мемонад, ки бояд поккорӣ шавад, вале барои ин пеш аз ҳама маблағ зарур аст. Вай мегӯяд, ки ҳоло дар қаламрави тақрибан 60 миллион метри квадратӣ хатари мавҷудияти минаву маводи тарканда эҳсос мешавад, ки бояд дар мӯҳлати то як соли дигар маҳв шавад. 1 апрели соли 2010 аз мӯҳлати узвияти Тоҷикистон дар эъломияи Оттава даҳ сол мегузарад, аммо ҳанӯз ҳам кори зиёд нотамом боқӣ мемонад, мегӯянд масъулони ин марказ. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, куллан дар қаламрави Тоҷикистон бар асари таркиши минаҳо 800 нафар зарар дидаанд.
XS
SM
MD
LG