Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Саркозӣ аз барномаи Обама дар Афғонистон


Президенти Фаронса Николас Саркозӣ гуфт, кишвараш аз стратегияи нави Амрико дар Афғонистон, ки президент Барак Обама моҳи гузашта, ба он ишора карда буд пуштибонӣ мекунад. Саркозӣ ва Обама имрӯз дар шаҳри Страсбурги Фаронса дар арафаи нишасти сарони НАТО мулоқот карданд. Саркозӣ гуфт, Фаронса дар таълими полиси Афғонистон ва бозсозии иқтисодиёти он кӯмаки бештар хоҳад кард, вале беш аз ин нерӯ ба Афғонистон нахоҳад фиристод. Обама эълон кардааст, ки ба Афғонистон 21 000 сарбози иловагӣ мефиристад ва мӯҳтавои стратегияи нави марбут ба Афғонистонро дар ҷаласаи сарони 28 кишвари НАТО рӯзи шанбе баён медорад. Имрӯз Обама ҳамчунин бо садри аъзами Олмон, Ангела Меркел дидор ва гуфтугӯ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG