Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи пешниҳодкардаи Обама пазируфта шуд


Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико тарҳи буҷа барои соли нави молиро, ки аз сӯи раисиҷумҳур Барак Обама пешниҳод шудааст, қабул кард. Ҳаҷми буҷа тақрибан севу ним триллион доллар ва касри буҷа як триллиону 200 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Маҷлиси Намояндагон тарҳи алтернатии пешниҳодкардаи ҷумҳурихоҳонро, ки дар он рӯи коҳиши сарфи буҷа ва молиёт тамаракуз шудааст, рад кард. Сенати Амрико тарҳи худии буҷаро таҳия мекунад ва он баъдан бо тарҳи аз сӯи Маҷлиси намояндагон пазируфташуда ҳамоҳанг карда мешавад.
XS
SM
MD
LG