Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарордод бо "РТР-Планета" қатъ шуд


"Авасто" аз қавли Абдураҳмон Абдуманнонов, муовини раиси Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон мегӯяд, ки ин кишвар ба таври якҷониба қарордоди худро бо телевизиони русии "РТР-Планета" бекор кард. Тасмими мазкур бо ин сабаб гирифта шуд, ки телевизиони Русия қарзи худ дар баробари Тоҷикистонро барои пахши барномаҳояш дар қаламрави ин кишвар напардохтааст. Оқои Абдуманнонов гуфт, ки созишномае дар мавриди тамдиди мӯҳлати ҳамкории ҷонибҳоро Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон ҳанӯз дар аввалҳои моҳи феврал ба Русия фиристода буд, аммо то ҳол посухе дастрас нашудааст. Пахши барномаҳои "РТР-Планета" дар қаламрави Тоҷикистон 2 марти соли ҷорӣ қатъ шуд. Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳаҷми қарзи телевизиони русӣ дар баробари Душанбе 7 миллион рублро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG