Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯи мавсими баҳории кори парлумони Беларус


Имрӯз парлумони Беларус мавсими баҳории кори худро шурӯъ мекунад. Тибқи гузоришҳо, эҳтимолан парлумон масъалаи ба расмият шинохтани истиқлолияти ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Гурҷистон - Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро баррасӣ кунад. То кунун Минск даъватҳои Маскавро дар ин замина рад кардааст. Моҳи августи соли гузашта артиши Русия бо нирӯҳои Гурҷистон дар хоки ин ҷумҳурии қафқозӣ вориди ҷанг шуд, ки панҷ рӯз тӯл кашид. Ва дафъатан баъди ин, Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ, ки соли 1990 ҳанӯз худро ҷудо аз ҳайати Гурҷистон эълон карданд, иддао карданд, ки кишварҳои мустақил ҳастанд. То имрӯз Никарагуа танҳо кишваре буд, ки истиқлолияти ин ду ҷумҳуриро ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG