Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либерман: Исроил пойбанди созиши Анаполис нест


Авигдор Либерман, вазири нави умури хориҷаи Исроил дар нахустин рӯзи кориаш эълом дошт, ки Исроил пойбанди созиши сулҳи Анаполис нест. Ин санад ду сол пеш бо миёнҷигарии Амрико дар шаҳри Анаполиси ИМА имзо шуда буд ва дар он Исроил ва Ташкилоти худгардони Фаластин дар бораи оғози гуфтушунидҳо барои расидан ба сулҳи комил ба тавофуқ расида буданд. Дар конфаронс раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, собиқ нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт ва раисиҷумҳури вақти Амрико Ҷорҷ Буш ширкат доштанд. Ва аммо Авигдор Либерман возеҳу рушан иброз дошт, ки аз нигоҳи ӯ, ҳукумат барои иҷрои тасмимҳои конфронси Анаполис муваззаф нест ва кобинаи нав бояд фақат барои татбиқи тарҳи “харитаи роҳ” талош варзад. ”Харитаи роҳ” тарҳи байналмилалии мусолиҳа мебошад, ки соли 2003 тасвиб шуд ва дар чаҳорчуби он Исроил ба ташкили давлати Фаластин ризоят дода буд.
XS
SM
MD
LG