Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши ҷаҳонии масъалаҳои Афғонистон дар Гаага


Имрӯз дар шаҳри Гаагаи Нидерланд конфаронси байнулмилалии масъалаҳои Афғонистон баргузор мешавад. Қарор аст, намояндагони зиёда аз 30 давлат ва созмонҳо роҳҳои эҷоди амният ва эътидол дар Афғонистонро баррасӣ кунанд. Дар ҳамоиш инчунин масъалаҳои марбут ба минтақа низ дар маркази таваҷҷӯҳ хоҳад буд. Яке аз рӯйдодҳои асосии ин ҳамоиш сари як миз нишастани намояндагони ду рақиб Иёлоти Муттаҳида ва Эрон аст. Дар арафаи конфаронс, Ҳилларӣ Клинтон, котиби давлатии Амрико гуфт, умедвор аст, ки Эрон бо ҳамоиш бо андешаҳои созандае хоҳад омад барои дастёфт ба эътидол дар Афғонистон. Аммо Клинтон гуфт, нақшаи мулоқоти алоҳида бо намояндаи Эронро надорад.
XS
SM
MD
LG