Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 20 нафар дар ҳамла ба мактаби полиси Лоҳур


Мардоне бо силоҳи мусалсал ва норинҷакҳои дастӣ ба Академияи полис дар канораи шаҳри Лоҳури Покистон ҳамла кард. Тибқи хабарҳои тасдиқношуда бар асари инҳ амла наздик ба 20 шогирди мактаби полис кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Садҳо корманди полис ва сарбозони артиш бинои академияро ба муҳосира гирифта, зиёда аз ду соат аст, бо ҳамлавар табодули оташ мекунанд. Ин ҳамла камтар аз моҳ пас аз ҳамлаи мусаллаҳон ба варзишгарони Шри Ланка дар Лоҳур ба вуқӯъ мепайвандад, ки бар асари он 6 афсари полис ва ронандае куштаву чандин варзишгар захмӣ шуданд. Ҳамлаварон он вақт низ фирор карданд.
XS
SM
MD
LG